Главная / Информатика / курсовая работа по информатике на таджикском языке

курсовая работа по информатике на таджикском языке

hello_html_2aaa2310.gif





Мундариља.





Функсияњо дар забони Visual Basic -----------------------------------------------------2

Функсияњои Top ва Left --------------------------------------------------------------9

Объекти Screen --------------------------------------------------------------------------9

Баровардани форма ба экран ------------------------------------------------------11

Шартњои мураккаб -------------------------------------------------------------------14

Истифодабарии даврњо дар Visual Basic ------------------------------------------14

Руйхати адабиёти истифодашуда -------------------------------------------------18





















Функсияњо дар забони Visual Basic

Бо ёрии формањо (Form) ва равзанањоии графики (PictureBox) VisuaI Basic имконияти васеи кашидани нуќта, хати рост, росткунља, давра, эллипс, камон, сектор ва ѓайра мављуд аст. Њамаи ин фигурањои геометриро бо ёрии методњои гуногун тасвир кадан мумкин аст.

Методи ScaIe барои муаян кардани системаи координат хизмат мерасонад.

Дар ин љо (X1,Y1) – координатањои нави кунљи чапи болоии объект ва (X2,Y2) –координатањои нави кунљи рости поёнии объектро ифода менамоянд. Агар дар тавсиф номи объект зикр наёфта бошад, он гоњ методи scale аз рўи пешфарз ба форма ворид мегардад. Бо истифодаи ин метод координатањои кўњнаи объект фавран бо координатањои нав иваз карда мешаванд.

Дар Visual Basic системаи координат аз рўи пешфарз шакли дар расм бударо дорад. Вале њангоми сохтани графики функсияњо ё кашидани фигурањои гиометрї системаи координати муќаррариро љорї кардан муфид аст.

Масалан, њангоми истифодаи оператори Picturel.Scale(-50,50)-(50,-50) дар равзанаи графики Picturel системаи координатии нав љорї карда мешавад, ки кунљи чапи болоии он дорои координатњои (-50,50) буда, кунљи рости поёнии он дорои координатњои (50,-50) мебошад:

  • Методи Pset барои дар объект кашидани нуќта хизмат мерасонад. Тарзи тавсифи ин метод чуни наст:



[Номи объект.]

Pset (X,Y)[, ранг]





Дар ин љо (X,Y)-координатњои нуќтае мебошанд, ки он бояд дар объект тасвир ёбад. Ранг-рамзи (коди) ранги нуќта буда, бо адади навъи Long тасвир карда мешавад. Ранги пешфарз ранги сиёњ аст. Дар мавриди зикр наёфтани номи объект методи Pset чун пешфарз ба форма ворид мегардад.

Андозаи њар гуна нуќта ва умуман объекти дилхоњро тавасути хосияти Draw Width-и равзанаи хосиятњо (Properties) муаян кардан ва таѓйир додан мумкин аст. Масалан, оператори Picturel.DrawWidth=7 андозаи нуќтаро 7 (твип) муаян мекунад.



Масъалаи 1. Барномае тартиб дињед, ки тавасути он дар лавњаи расм (PictureBox) системаи координатии нав љори гарда два андозаи нуќта ба 7 твип баробар бошад.

Интерфейси барномавии дар расми тарафи рост тасвирёфтаро истифода бурда, ба тугмаи Pset – и формаи он рамзи барномавии зеринро вобаста мекунем:



Private Sub Command 1_Click()

Picturel 1 .Scale (0,0)-(500,500)

Picturel 1.DrawWidth=7

Picturel 1.Pset(250,250)

End Sub

  • Методи Line барои дар объек кашидани порчањои хати рост ва росткунљањои хатњои сарњадияшон якранг ё ранга хизмат мерасонад. Тарзи тавсифи ин метод чуни наст:



[Номи объект.] Line(X1,Y1)-

(X2,Y2) [, Ранг][,B[F]]



Дар ин љо (Х1,Y1) ва (X2,Y2) мувофиќан координатњои кунљи болои чап ва кунљи поёнии рости роскунљаро ифода мекунанд, агар параметрњои B[F] фаъол бошанд. Дар мавриди ѓайрифаъол будани ин параметрњо бузургињои номбурда координатањои ибтидо ва интињои порчаи хати ростро ифода мекунанд. Њамчунин параметри Ранграмзи ранг, Вишораи кашидани роскунља ба F – ишораи ранга будани роскунљаро ифода мекунанд: Барои таѓйир додани ѓавсии хатњои сарњадии роскунља ќимати хосияти Draw Width – ро таѓйир додан лозим аст. Дар ин љо низ њангоми зикр наёфтани номи объект методи Line чун пешфарз ба форма ворид карда мешавад.



Масъалаи 2. Барномае сохта шавад, ки он дар асосї шарти таљдиди назар кардашудаи масъалаи 1 дар форма тасвири росткунља ва хати ростро њосил намояд.

Барои њалли ин масъала ба формаи мављуда боз як тугмаи навро бо номи Line илова менамоем ва ба амали пахши он рамзи барномавии зеринро вобаста мекунем:

Private Sub Command 1_Click()

Picturel 1 .Scale (0,0)-(500,500)

Picturel 1.DrawWidth=7

Picturel 1.Pset(250,250)

End Sub

Барои нуќтаро бо ранги зард тасвир кардан кифоя аст, ки дар рамзи барномавии оператори Picturel 1.Pset(250,250) илова карад шавад.

  • Методи Circle бошад, барои дар объект кашидани давра эллипс, камон ва сектор истифода бурда мешавад. Тарзи тавсифи ин метод чунин аст:



[Номи объект.]

Сircle(X,Y),радиус,[ранг],[кунљи

1],[кунљи 2],[KФ]







Ба монанди методњои дигар дар ин љо низ њангоми зикр наёфтани номи объект методи Circle чун пешфарз ба форма ворид карда мешавад. Параметрњои радиус-радиуси давра, ранг-ранги давра (агар параметри ранг мављуд набошад, он гоњ аз рўи пешфарз расм бо ранги сиёњ кашида мешавад), кунљи 1 ва кунљи 2 (дар интервали (0,2п)бо радиан чен карда мешаванд) мувофиќан кунљњои ибтидої ва интињоии камон ё секторро ифода менамоянд. КФ – коэффисиенти фишурдашавї ном дошта, адади мусбат аст. Агар КФ>1 бошад, онгоњ эллипс бо самти амудї, КФ<1 бошад, эллипс бо самти уфуќї ва КФ умуман мављуд набошад он гоњ давра кашида мешавад.

Эзоњ: Параметрњои дар ќавси квадратї омадаро партофтан мумкин аст, аммо вергулњои ба онњо мувофиќро (ба истиснои вергули охирон) на!



Тавре ки дар њаёт моњият ва мазмуни њар як предметро хосиятњои он муайян мекунанд, дар Visual Basic низ њар як объекти проект ба воситаи хосиятњояш муайян карда мешавад. Масалан, танњо аз рўйи марка ва ранги автомобил шахс дар бораи намуд ва имконияту тавоноии автомобил пешакї хулоса бароварда метавонад. Дар VB низ ќимати хосиятњо оид ба характер ва шакли берунии объекти проект маълумот медињанд.

Аслан «хосиятњо» (properties) дар Visual Basic атрибути объект ба њисоб мераванд. Ќиматњои ќабулкунандаи баъзе хосиятњои объектњои VB мањдуд, вале ќисми дигараш васеъ аст. Масалан, объекти дорои хосияти Visible (намоёнї), танњо ќиматњои True (њаќ – њангоми намоён будани объект) ва False-ро (ноњаќ - њангоми нонамоён будани объект) ќабул карда метавонад. Аммо хосиятњои номи форма бошанд, метавонанд ќиматњои номањдуди дилхоњро ќабул намоянд.

Дар аксарият њолатњо хосиятњои аз тарафи VB ба таври автоматї муайянкардашуда метавонанд истифодабарандагонро ќонеъ гардонанд. Дар њолатњои дигар бошад, ќимати баъзе хосиятњоро аниќ ё таѓйир додан лозим меояд. Барои иљрои ин амал аз майдони хосиятњои равзанаи VB истифода мебаранд. Ин майдонро бо тарзњои гуногун фаъол гардондан мумкин аст:

  • пахши тугмаи чапи муш дар ягон љойи равзана;

  • интихоби командаи Properties аз менюи Window;

  • пахши тугмаи F4 дар клавиатура;

  • пахши тугмаи Properties Window дар панели асбобњо.

Панљ хосияти форма. Формањо низ мисли дигар элементњои идоракунї дорои хосиятњоянд:

Caption (название, ном). Ќимати ин хосият матнест, ки дар сатри сарлавњаи майдони форма нишон дода мешавад. Вай номи формаро ифода мекунад.

Name (имя, ном). Ќимати ин хосият номи элементи идоракуниро муайян мекунад. Ном бояд мазмуни элементро ифода намояд. Онро дар рафти иљрошавии программа таѓйир додан мумкин нест. Номгузорї дар шакли ctlName сурат мегирад, ки префикси ctl – типи элементи идоракунї ва Name – номи он аст. Типи элементи идоракунї бо њарфњои хурд ва символи аввали номаш бо њарфи калон навишта мешавад. Барои формањо ба таври стандартї префикси frm, барои нишонањо – lbl ва барои тугмањои командавї – cmd ќабул карда шудааст.

Hight (высота, баландї), Width (ширина, пањнойї, бар). Ин хосиятњо андозаи майдони формаро муайян менамоянд. Онњо ба воситаи твипњо (twip) дода мешаванд. Як твип ба 0.0018 сантиметр баробар аст.

BorderStyle (тип границ, намуди њудудњо, сарњадњо). Ин хосият яке аз ќиматњои дар љадвали зеровардашударо ќабул карда метавонад:



Ќимат

Услуб (стил)

Эзоњ

0

None

Њудудњои майдон дода намешаванд

1

Fixed Single

Андозаи майдон доимї (const) аст. Њудудњои он ба воситаи хатњои рост мањдуданд

2

Sizable

Андозаи майдон таѓйирёбанда (масштабнок) аст. Њудудњои он ба воситаи љуфти хатњои рост мањдуданд

3

Fixed Dialog

Андозаи майдон доимї аст. Њудудњои он ба воситаи љуфти хатњои рост мањдуданд

4

Fixed ToolWindow

Фарќи ин услуб аз услуби 3 дар мухтасар будани сатри сарлавња ва хурдтар будани андозаи њуруф аст

5

Sizable ToolWindow

Ба услуби 4 шабоњат дорад, аммо андозаи майдонро бо истифодаи муш таѓйир додан мумкин аст



Њар гуна объектро дар VB бо маxмўи протседурањо алоrаманд кардан мумкин аст, ки онњо дар лањзањои мувофиќ ба кор шурўъ мекунанд. Протседура (procedure) гуфта гурўњи операторњои забонро меноманд, ки њангоми иxрошавии вай њамаи операторњояш низ иxро мешаванд. Протдседура мувофиќи коди иxрошавиаш (executable code) амалї мегардад.

Протседураи бо ягон њодисаи (event) муайян алоrаманди объектро протседураи коркарди њодиса (event procedure) мегўянд. Бо як объект якчанд њодисаро алоќаманд кардан мумкин аст. Њодисањо на дар раванди сохтани проект, балки танњо њангоми иxрошавии программа (runtime) амалї мегарданд. Масалан, Click (пахшкунии тугмаи муш) ё Resize (аз нав муайянкунии андоза) њодисањо ба њисоб мераванд.

hello_html_42406bb8.gifЊангоми дар ягон љойи дилхоњи равзанаи VB ду маротиба пахш кардани тугмаи чапи муш, майдони кодњо (равзана) кушода мешавад. Майдони кодњо номи худро дорад. Дар таркиби номи он номи форма нишон дода мешавад, ки вай алоќамандии код ва объектро таљассум менамояд. Коди объект дар файле сабт карда мешавад, ки дар он объектњои экрании форма нигоњ дошта шудаанд. Дар ваќти муайянкунии объектњои форма Visual Basic ба таври автоматї барои онњо маљмўи протседурањои коркарди њодисањоро тайёр мекунад. Дар ибтидо протседура танњо аз эълони протседура (declaration) ва оператори охири протседура (End Sub) иборат аст. Дар эълони протседура калимаи калидии Sub – оѓози протседура оварда мешавад. Rисми аввали номи протседура бояд бо номи объекте, ки дар форма сохта мешавад, мувофиќат кунад. Агар ин объект худи форма бошад, он гоњ дар он калимаи Form-ро навиштан лозим аст. Дар ќисми охири номи протседура бошад, номи њодиса (Click, DubleClick ва ѓайра) нишон дода мешавад. Њарду ќисми ном аз њамдигар ба воситаи аломати хатчаи поёнї «_» xудо карда мешаванд.



Функсияњои Top ва Left

Хосиятњои Top ва Left. Форма њам ба монанди элементњои идоракунї дорои хосиятњои Top ва Left мебошад. Ин хосиятњо координатањои кунљи рости болойии формаро муайян менамоянд ва мавќеи љойгиршавии онро дар экран идора мекунанд. Top мавќеи xойгиршавии формаро нисбат ба њудуди болойии экран ва Left - нисбат ба њудуди чапи он нишон медињанд. Координатањо дар ин љо низ ба воситаи твипњо чен карда мешаванд.



Объекти Screen

hello_html_m20e9054f.gifОбъекти Screen. Экрани монитор дар VB њамчун объекти Screen муайян карда мешавад. Вай дорои хосиятњои Height - баландии экран ва Width – бари экран мебошад. Акнун проекте тартиб медињем, ки он формаи дорои чор тугмаи командавидоштаро тасвир намояд. Талаб карда мешавад, ки тугмањо дар кунљњои форма љойгир бошанд ва њангоми пахшкунии онњо форма ба самтњои мувофиќи экран њаракат кунад. Барои њалли ин масъала пай дар пай амалњои зеринро иљро менамоем:

Ба форма frmMyForm ном гузоред

Ба хосияти BorderStyle ќимати 1 (Fixed Single) дињед

Нишонаро (хосияти name) lblVar ном гузоред. Барои он дар хосияти Caption ягон ќимат муайян накунед

Тугмањои командавиро чунин номгузорї кунед ва барои онњо низ дар хосияти Caption ќимат надињед:

Тугмаи болойии чап - сmdUpLeft

Тугмаи поёнии чап - сmdDownLeft

Тугмаи болойии рост - сmdUpRight

Тугмаи поёнии рост - сmdDownRight

















Дар ин расм чунин амалиётњо барои тугмаи командавии сmdUpLeft.Caption нишон дода шудааст.



hello_html_m2451076d.gif



Баровардани форма ба экран

Форма ба экран ба воситаи њодисаи Load бароварда мешавад. Программаи он бо ёрии протседураи Form_Load() сохта мешавад. Ин протседура дарњол саволи «Ягон амалро иљро кардан лозим аст?»-ро пешнињод мекунад. Дар ин маврид истифодабаранда бояд барои тугмањои командавї хосияти Caption-ро муайян кунад. Барои дар код таѓйир дода тавонистани ќимати хосиятњои объект зарур аст, ки аввал ба объект ном гузошта, пас аз нуќта хосият ва rимати он нишон дода шавад, яъне:

Private Sub Form_Load( )

сmdUpLeft.Caption = «БачапБаболо»

сmdDownLeft.Caption= «БачапБапоён»

сmdUpRight.Caption = «БаростБаболо»

сmdDownRight.Caption = «БаростБапоён»

End Sub

Барои љойивазкунии формаро дар экран нишон додан низ код муайян кардан зарур аст. Чунин код бояд барои њамаи тугмањои командавї дар протседураи коркарди њодисаи Click илова карда шавад. Масалан, њангоми пахшкунии тугмаи cmdDownLeft бояд њудуди поёнии форма бо њудуди поёнии экран њамљоя шавад. Барои ин бояд ќимати хосияти Top ба фарrи баландњои экран ва форма баробар бошад, яъне:

frmMyForm.Top = Screen.Height – frmMyForm.Height

Ќимати хосияти Left-и форма бошад, бояд ба ќимати њудуди чапи экран мувофиr бошад, яъне frmMyForm.Left=0. Пас, коди тугмаи cmdDownLeft (коркарди њодисаи Click) бояд дар шакли зерин пешнињод карда шавад:

Private Sub cmdDownLeft_Click( )

frmMyForm.Top = Screen.Height – frmMyForm.Height

frmMyForm.Left=0

End Sub

Намуди љамъбастии кодњои коркарди њодисаи Click барои њамаи тугмањои форма дар љадвали зерин оварда шудаанд:



Option Explicit

Private Sub Form_Load( )

сmdUpLeft.Caption = «БачапБаболо»

сmdDownLeft.Caption= «БачапБапоён»

сmdUpRight.Caption = «БаростБаболо»

сmdDownRight.Caption = «БаростБапоён»

lblVar.Caption = ””

End Sub

Private Sub cmdDownLeft_Click( )

frmMyForm.Top = Screen.Height – frmMyForm.Height

frmMyForm.Left = 0

End Sub

Private Sub cmdDownRigth_Click( )

frmMyForm.Top = Screen.Height – frmMyForm.Height

frmMyForm.Left = Screen.Width – frmMyForm.Width

End Sub

Private Sub cmdUpLeft_Click( )

frmMyForm.Top = 0

frmMyForm.Left = 0

End Sub

Private Sub cmdUpRigth_Click( )

frmMyForm.Top = 0

frmMyForm.Left = Screen.Width – frmMyForm.Width

End Sub



Шартњои мураккаб.

Дар Visual Basic шартњои мураккаби намуди калон ё баробар, хурд ё баробар ва нобаробарро низ истифода бурдан мумкин аст. Барои ин аз ифодањои нисбии зерин истифода бурдан лозим аст:

Амалњои нисбї

Функсия

[операнд1]<=[операнд2]

Агар операнди 1 -ум хурд ё баробари 2-юм

бошад, онгоњ натича - True

[операнд2]=>[операнд2]

Агар операнди 1 -ум калон ё баробари

2-юм бошад, онгоњ натиља - True

[операнд1]<>[операнд2]

Агар операнди 1 -ум ба операнди

2-юм баробар набошад, онгоњ натиља-True



Амалњои мантиги дар љадвали зёрин овардащуда низ дар сохтани шартњои мураккаб истифода бурда мешаванд:

Амалњои мантикї

Функсия

[onepанд1]AND[onepaнд2]

"ВА"- зарби мантиќии ду операнд

[операнд1]OR[операнд2]

"Ё"- љамъи мантиќии ду операнд

Not [операнд]

"НЕ"- инкори мантиќии операнд



Истифодабарии даврњо дар Visual Basic.

Даври For...Next. Агар миќдори такроршавии операторњо пешаки маълум бошад, онгоњ сохтори сиклии For...Next - ро истифода мебаранд: For њисобкунак = ќимати ибтидоии То ќимати интињои [Step ќадам]

Onepamopњou блоки S

Next њисобкунак.

Операторњои блоки S-po чун дар Бейсик тани сикл, сатри For-po сарлавњаи сикл ва сатри Next-pо интињои сикл мегуянд. Тарзи иљрои ин операторњо низ аз Бейсик ягон фарќе надорад.

Мисоли 1

Проектеро дида мебароем, ки дар он сохтори For...Next истифода бурда мешавад. Дар формаи проект тугмаи командавиц cmdFor-po љойгир мекунем ва ба хосияти Caption-и он ќимати "For... Next" мебахшем. Барои ин тугма коде тартиб медињем, ки он сикли Print "Visual Basic" -ро дар бар мегирад.

Private Sub cmdFor Click()

Dim i As Integer

Cls

For i=lTo lO Step l

Print "Visual Basic"

Next i

End Sub

Баъди иљрои ин проект дар форма матни "Visual Basic" 10 маротиба чоп мешавад. Дар мавриди сатри сарлавњаи сикл For i=l То 10 будан низ, натиљаи кори программа бетаѓйир мемонад. Агар сатри сарлавњаи даврро бо сатри For i=l То 10 Step 2 иваз намоем, онгоњ матни "Visual Basic" 5 маротиба чоп мешавад.

Даврњои шарти. Баъзан њисоббарорињое вомехуранд, ки дар онњо миќдори иљрои давр пешаки маълум нест. Дар чунин њолатњо аз даврњои шарти истифода мебаранд, ки онњо дар ду намуд дода мешаванд: даври neш аз шартї ва даври баъди шартї. Агар шарти аз
даври баромадан дар аввали давр дода шуда бошад, онгоњ сиклро пеш аз шарти ва дар мавриди дар охири сикл дода шудани шарти аз давр барои, онро даври баъди шартї меноманд.

Даврњои пеш аз шарти ва баъди шартиро бо ёрии операторњои Do ... Loop ташкил намудан мумкин аст. Намуди умумии даври пеш аз шарти чунин аст:

Do [{While/Until} шарт]

[Операторњои блоки S]

Loop

Намуди умумии даври баъдишарти бошад:

DO

[Оператор њои блоки S]

Loop [{While/ Until} шарт]



Даври пеш аз шарти дар њолати риоя нашудани шарт њељ гоњ иљро намешавад. Даври баъдишарти бошад, новобаста аз риоя шудани шарт, аќалан як маротиба иљро мешавад. Санљиши шарт бо ёрии калимањои калидии While Unit амали мегардад. Ин калимањо ба шарт маънои муќобилро мёдињавд.

Масалан, дар коди

А=1

Do

А=А+1

Print "Visual Basic"

Loop While A<11

шарти такроршавии сикл «њануз А<11 аст» буда, шарти аз давр баромадан А=11 аст, яъне матни «Visual Basic» то даме чоп мешавад (10 маротиба), ки ќимати таѓйирёбандаи А аз 11 хурд аст. Дар даври:

А=1

Do

А=А+1

Print "Visual Basic"

Loop Until A>10

бошад, шарти такроршавии сикл «њоло А>10 нашуда аст » буда, шарти аз сикл баромадан аз нав А= 11 аст. Натиљаи кори харду программа низ якхелаанд.



















Руйхати адабиёти истифодашуда.



  1. Студеникин М. Т. Методика преподавания истории в школе. - М.: Владос, 2000.

  2. Методика преподавания истории в средней школе / Ежова С.А. и др. – М.: Просвещение, 1986.

  3. Вагин А. А. Методика преподавания истории в средней школе. М.: Педагогика, 1968.

  4. Методика обучения истории в средней школе. Ч. II / Под ред. Н.Г. Дайри. – М.: Просвещение, 1978.

Актуальные вопросы методики обучения истории в средней школе / Под ред. А.Г. Колоскова. – М.: Педагогика, 1984.



19


курсовая работа по информатике на таджикском языке
  • Информатика
Описание:

Функсияњо дар забони VisualBasic

Бо ёрии формањо (Form) ва равзанањоии графики (PictureBox) VisuaIBasic  имконияти васеи кашидани нуќта, хати рост, росткунља, давра, эллипс, камон, сектор ва  ѓайра мављуд аст. Њамаи ин фигурањои геометриро бо ёрии методњои гуногун тасвир кадан мумкин аст.

 Методи ScaIe барои муаян кардани  системаи координат хизмат мерасонад.

Дар ин љо (X1,Y1) – координатањои нави кунљи чапи болоии объект ва (X2,Y2) –координатањои нави кунљи рости поёнии объектро  ифода менамоянд. Агар дар тавсиф номи объект зикр наёфта бошад, он гоњ методи scale  аз рўи пешфарз ба форма ворид мегардад. Бо истифодаи ин метод координатањои кўњнаи объект фавран бо координатањои нав иваз карда мешаванд.

            Дар VisualBasic системаи координат аз рўи пешфарз шакли дар расм бударо дорад. Вале њангоми сохтани графики функсияњо ё кашидани фигурањои гиометрї системаи координати муќаррариро љорї кардан муфид аст.

            Масалан, њангоми истифодаи оператори Picturel.Scale(-50,50)-(50,-50) дар равзанаи графики Picturel системаи координатии нав љорї карда мешавад, ки кунљи чапи болоии он дорои координатњои (-50,50) буда, кунљи рости поёнии он дорои координатњои (50,-50) мебошад:

§     Методи Pset барои дар объект кашидани нуќта хизмат мерасонад. Тарзи тавсифи ин метод чуни наст:

 

                     

                                             [Номи объект.]

                                             Pset (X,Y)[, ранг]

 

 

Даринљо (X,Y)-координатњоинуќтаемебошанд, кионбояддаробъекттасвирёбад. Ранг-рамзи (коди) ранги нуќта буда, бо адади навъи Long тасвир карда мешавад. Ранги пешфарз ранги сиёњ аст. Дар мавриди зикр наёфтани номи объект методи Pset чун пешфарз ба форма ворид мегардад.

 

            Андозаи њар гуна нуќта ва умуман объекти дилхоњро тавасути хосияти DrawWidth-и равзанаи хосиятњо (Properties) муаян кардан ва таѓйир додан мумкин аст. Масалан, оператори Picturel.DrawWidth=7 андозаи нуќтаро 7 (твип) муаян мекунад. 

Автор Насрулаев Тахир Мамасаидович
Дата добавления 07.01.2015
Раздел Информатика
Подраздел
Просмотров 572
Номер материала 40405
Скачать свидетельство о публикации

Оставьте свой комментарий:

Введите символы, которые изображены на картинке:

Получить новый код
* Обязательные для заполнения.


Комментарии:

↓ Показать еще коментарии ↓